Баъд аз тақрибан даҳсоли ошубҳои сиёсӣ ва этники Тоҷикистон акнун комилан рӯ ба сулҳ, демократия ва амният овардааст. Аён аст, ки Тоҷикистон айни ҳол бо суръати баланд дар рушди сохаҳои иқтисодиёт пеш рафта истодааст.

Давлати имрӯза ба кулли аз оне ки каблан буд, фарқ менамояд. Натиҷаҳои мусбии барномаҳо оид ба рушди кишвар, ки ба тозагӣ оғоз гардидаанд, намоён мебошанд. Миёни нишонаҳои тағйироти кулли, ки дар кишвар дида мешавад, вазъият дар пойтахт – шахри Душанбе қобили диккат аст.

Душанбе ба пойхтахти замонавӣ, ки меҳмонхонаҳои муосир, тарабхонаҳо, нақлиёти шаҳрӣ ва мағозаҳои махсусгардонидашуда дорост, табдил  ёфта истодааст.  Тамоми ин хусусиятҳо имконият ва воситаҳои хуберо пеш меоваранд, то шаҳрвандон аз онҳо истифода намоянд. Ҳамзамон дар тамоми кишвар хати баландшиддати барқ ва шабакаи роҳҳои муосир мавриди истифодаи аҳоли карор доранд. Ҳукумат пайваста саъй менамояд, ки ба халқ зиндагии беҳтарро таъмин намояд, ҳатто ба онҳое, ки дар қишлоқҳои дурдаст зиндагӣ менамоянд. Бо истифода аз натичахои мусбии барномаҳои рушд кишвар метавонад дар ояндаи наздик ба тараккии соҳаи саёҳи омода бошад. Бо афзудани иқтисодиёт Тоҷикистон барои оғоз намудани таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ имконият пайдо менамояд.

Меҳмонон метавонанд аз саъю кушишҳои фаъол, ки ба модернизатсияи саноат ва хоҷагии кишлоқ нигаронида шудаанд, ба тааҷуб афтанд. Ин раванд бо дастгирии ташаббусҳои хусусӣ аз ҷониби худи шаҳрвандон сурат гирифта истодааст. Яке аз нишонаҳои муҳим он аст, ки ба ташаккулёбии иқтисодиёти нав, ки ба соҳибкории озод дар Тоҷикистон асос меёбад, таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад.

Дар ҳақиқат ин тараққиёти иқтисодӣ пайваста бо мустаҳкам гардидани демократия сурат мегирад. Президенти ҷумҳурӣ ва Ҳукумати ӯ, карор намуданд, ки озодии сиёсии пойдорро ҳавасманд намоянд ва ба васеъшавии соҳибкории озод вусъат бахшанд. Мақсади ин талошҳо таҳким намудани хамгирои бо шумораи зиёди ташкилотҳои мухталиф буда, ба ҳама имконият медиҳад аз рӯи интихоби худ зиндаги намоянд. Ба Ислом ҳамчун мазҳаби дини эҳтиром оварда мешавад, вале дин ҳеҷгоҳ ҳамчун асоси низоми сиёсӣ шинохта намешуд. Тамоми ин дастовардхо талкин менамоянд, то ба ин кишвари зебо сафар намои. Яке аз дастовардҳои бузург ин баланд бардоштани эътибори кишвар бо дарназардошти рушди демократия ва сахми шаҳрвандони сулҳҷуй ва меҳнатдусташ мебошад.

9 сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон 20-солагии Истиқлолиятро ҷашн мегирад. Ба тамоми ҷаҳон ёдовар намудан лозим аст, ки ин як роҳи тулони ва душвор ба аҳолии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ваҳдадти миллӣ буд. Ин сана на танҳо хотимаи як давраи таърихӣ, балки оғози раванди нави тараққиёт мебошад. Давраи нави тараққиёт барои Тоҷикистон ва халқи ин кишвар хоҳад омад. Қобили қайд аст, ки Тоҷикистон айни ҳол сиёсати дарҳои бозро пеша намудааст. Бисёр робитаҳо ва барномаҳои ҳамкори дар соҳаҳои мухталиф амали шуда истодаанд, аз ҷумла ҳамкориҳо аз сохаи илму техника оғоз гардида, бо ҳамкориҳои иқтисодӣ хотима меёбанд. Бешубҳа Аврупо бо Тоҷикистон ҳамкори хоҳад кард. Робитаҳо ва мулоқотҳо бо масъулини расми ба нақша гирифта шудаанд ва дар ояндаи наздик сурат хоҳанд гирифт. Табиист, сараввал ба сармоягузорон лозим аст, ки талаботи кишварро муайян намоянд.

Хушбахтона, аввалин лоиҳаҳои ҳамкори амали шуда истодаанд. Ин барномаҳои ҳамкории илми миёни олимону донишчуёни Донишгоҳи миллии Чумхурии Точикистон ва донишгоҳҳои Аврупоро мебошад. Пеш аз ҳама ин ҳамкориҳо соҳаи фарҳангро дар бар мегиранд. Дар Тоҷикистон бисёр объектҳои фарҳангӣ мавҷуд мебошанд, ки онҳоро бояд нигоҳ дошт ва ҳимоя кард. Онҳо барои ҳавасманд намудани талошҳо ҷиҳати ҳимояи меъроси миллӣ ва таърихи лозиманд. Дар ҳакиқат кор дар ин самт солҳои зиёдеро талаб менамояд. Фаъолияти муштарак дар фазои шарики, самими ва дӯсти дастоварди бузург барои фарҳанги ҷаҳони хоҳад шуд, инчунин ба мустаҳкам намудани сулҳу суботи минбаъда дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳакикат тоҷикион ботахаммул ва иттифоқ будани худро нишон доданд. Тоҷикистон бо исрор ҷомеаи сулҳпарварро сохта истодааст. Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки аз дустии абадии миёни тамоми халқҳои Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, аҳамияти муҳим дорад. Ҳодисаҳои ғамгини солҳои навадумро ба инобат гирифта, ин Ид пайваст будани робитаҳои қави ва муттаҳидии тоҷиконро бо ҳамдигар дар давраи муосир нишон медиҳад. Аврупо на бояд ба ин вазъият, ки тоҷикион метавонанд бо он ифтихор намоянд,  беэътиноёна бошад. Тамоми халқхои Аврупо бояд дар бораи Точикистон, фарҳанг ва таърихаш хабардор бошанд.

Айни замон Тоҷикистон бояд дар роҳи модернизатсияи саноат ва хоҷагии кишлоқ бошад. Бо кушода шудан ба ҷаҳон ва махсусан барқарор намудан робита бо ҷомеаи Аврупо, Тоҷикистон барои интихоб намудани тараккиёт имкониятҳои бузург дорад.

Ман боварии комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон ва демократи мебошад. Барои ба ин мақсад ноил шудан Иттиҳоди Аврупо бояд ҷумҳуриро ҳамаҷониба дастгири намояд.

Александр ТОУРОВЕТС, Профессори Донишгоҳи Лювени Белгия Доктори таърих, шаркшиносӣ ва археологи (Дар моҳи майи соли чори бо сафари кори ба Тоҷикистон ташриф овард)