Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид, ки ба он раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ шомил аст. Соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин феҳрист дохил гардида буд.

Дар гузориши интишоршудаи соли 2013 дар бораи Муҳиддин Кабирӣ зикр мегардад, ки ӯ ба ҳалли мушкилоти аслии Тоҷикистон даъват мекунад. Муаллифони гузориш ҳамчунин аз даъвати ӯ бобати афви маҳкумшудагон бар асари ҷанги шаҳрвандии панҷсола ва бо туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ кардани  олимпичиёни Лондон аз ҷониби ӯ низ ёдовар шудаанд.

«Ба Кабирӣ муяясар гардид, ки ҳизби пурқувваттарини мухолифинро аз парокандагӣ наҷот дода, тавассути рушд ва шакливазкунии фалсафаи ҳизб шумори аъзои ҳизбро зиёд кунад», - гуфта мешавад дар гузориш.

Миёни сарони кишварҳои собиқи шӯравӣ сарони кишварҳои Ӯзбекистон Ислом Каримов, Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Эрон – Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Чеченистон Рамазон Қодиров, президенти Тотористон Рустам Минихонов, сарояндаи савту навои динӣ Самӣ Юсуф ва дигарон низ ба рӯйхати мазкур шомил гардидаанд.

Дар ин рӯйхат волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар мақоми 35-ум қарор дорад.

Ин рӯйхат шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола бо дастгирии Маркази ҳусни тафоҳуми мусулмониву христиании ба номи шоҳзода Ал-Валид бинии Талял дар Ҷорҷтаун ба нашр мерасад.