Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки пас аз интихоботи парлумонии 1 март, ки дар палатаи поёнии парлумон дигар барои президент умуман ҳеҷ рақибе боқӣ намонд, ӯ масъулияти ояндаи кишварро пурра ба дӯши худ гирифт.
«Президент ба ҳама нишон дод, ки масъулият барои тақдири кишвар, мардуми онро бо касе тақсим карданӣ нест ва танҳо вақт довар хоҳад буд, ки то кадом андоза ӯ аз уҳдаи иҷрои ин масъулият мебарояд"» - изҳор дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс раиси ҲКТ.
Дар робита ба таъини писари президент Рустами Эмомалӣ ба мансаби роҳбари Агентии зиддифасод, Шабдолов қайд кард, ки Конститутсия ба президент таъини хешону наздиконаш ба мансабҳои баланди давлатиро манъ накардааст. «Лекин то кадом дараҷа асосноку мувофиқи мақсад будани чунин таъинотро бояд худи президент андеша кунад», - илова намуд Шабдолов.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста