Ба интихоботи миёндаврии пеш аз муҳлат ба ҷойи ду вакили хориҷшудаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ки ба санаи 10 апрел таъин шудааст, 9 нафар номзадҳо довталабӣ мекунанд.

Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1 Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон - номзадии ҳуқуқшинос Эмомалӣ Насриддинов, Ҳизби сотсиалистӣ - номзадии омӯзгор Мавлуда Раҷабова, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - номзадии иқтисодчӣ Сарвиноз Маҷидова ва Ҳизби демократ - номзадии Ҳикматулло Саидовро пешбарӣ намудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16-и вилояти Суғд ҲХДТ - номзадии роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Зафаробод Алиҷон Саидзода, Ҳизби коммунист - номзадии Ҳикмат Саидов, Ҳизби аграрӣ - номзадии Илҳом Аҳмедовро пешбарӣ карда, ғайр аз ин, боз ду сокинони маҳаллӣ - Зулайхо Маҳкамова ва баҳодур Акрамов ба сифати номзадҳои худпешбаришуда иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи миёндаврӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ҷойи вакилони хориҷшуда Маҳмадалӣ Ватанзода (ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1) ва Комил Салимзода (ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҷаббор Расулов №16) ба санаи 10 апрел таъин шудааст.

Қобили зикр аст, ки ваколатҳои М.Ватанзода бинобар сабаби таъин шуданаш ба вазифаи ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ ва К.Салимзода ба мансаби раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов пеш аз муҳлат қатъ гардид.