Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Роҳбари Ширкати “Поли Технолоҷӣ” - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Линро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд.

«Мо аз сатҳи ҳамкориҳо ва рушди муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар асоси анъанаҳои неки дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми накуи ҳамҷаворӣ сурат мегирад, қаноатманд ҳастем» - таъкид дошт дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди бахши энергетика, бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои гуногун, пешрафти соҳаҳои саноат ва сохтмонро баррасӣ карда, таъкид гардид, ки бо истифода аз технологияи муосир ва захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон аст, барои тараққиёти босуръати бахшҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар саҳм гузошта шавад.

Гуфта мешавад, аз иштироки фаъоли ширкатҳои бонуфузи чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ изҳори қаноат карда шуда, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо инчунин дигар мавзуъҳои барои ҳар ду ҷониб судмандро баррасӣ карданд.