Дар шаҳри Ню-Йорк 30 март маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Никарагуа баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Ҷумҳурии Никарагуа Муовини вазири корҳои хориҷӣ/Намояндаи доимии он кишвар дар СММ хонум Мария Рубялес де Чаморро ба имзо расониданд.