Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба сафари кории занони сиёсатмадори тоҷик ба Албания( 2-9 апрел) мусоидат намуд.

Бино ба иттилои сомонаи САҲА, ин сафар дар доираи лоиҳаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба густариши ҳуқуқҳои сиёсӣ ва имконоти занони сиёсатмадор анҷом пазируфтааст.

Сафари кории занони сиёсатмадори тоҷик ба Албания бо мақсади роҳандозии робитаҳо бо ҳамтоҳои албанӣ, табодули таҷриба ва баррасии монеъаҳову мушкилоте, ки онҳо дар ҷомеаашон дучор мешаванд, сурат гирифтааст.

«Сафар ба Албания як дафъа вохӯрӣ нест. Ин сафар ба ҳамкории тӯлонӣ ва пурсамар миёни занони сиёсатмадори ду кишвар замина гузошт. Занони тоҷику албанӣ, ки онҳоро умеду орзу ва андешаҳои умумӣ муттаҳид месозанд, як итифоқеро таъсис доданд», - гуфтааст корманди умури ҳуқуқ ва ислоҳоти интихоботии Дафтари САҲа дар Тоҷикистон Весна Иванович Кастаред.

Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Гулнора Бобоева бар ин назар аст, ки аз худ дур кардани қолабу одатҳое, ки то имрӯз занонро намояндагии баробар дар парлумон бозмедоранд, «хеле муҳим аст».

Ба андешаи ӯ, чунин сафарҳо барои табодули таҷриба миёни занони сиёсатмадор ва занони аъзои парлумон аз Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз дигар кишварҳо хеле муфид аст. «Ин сафар ба занон барои иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар кумак мекунад», - баён доштааст номбурда.