Дар робита ба яке аз омилҳои аслии бесуботӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтани вазъи Афғонистон, дар яке аз чорабиниҳои Ҳамоиши XIII расонаҳои хабарӣ (медиафорум)-и Авруосиё дар шаҳри Остона, ки дар «Донишгоҳи Назарбоев»доир гардид, собиқ президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дар мавзӯи «Афғонистон: хатарҳо ва имконоти тоза» маърӯза кард.

Зимни суханронӣ Ҳомид Карзай доир ба таҳдиду хатарҳои нав ва тарзу воситаҳои ба эътидол овардани вазъ дар ин кишвар ибрози андеша карда, қайд кард, ки сабаби аслии терроризми байнулмилалӣ нобоварӣ миёни кишварҳои абарқудрат аст.

«Барои мубориза бо терроризм дар навбати аввал ба ҷуз аз нерӯ кор гирифтан, мебояд решаҳои ин мушкилотро дарёфт ва бартараф намуд», - изҳор кардааст ӯ.

Ҳомид Карзай ба сарони кишварҳои ИМА, Чин, Ҳиндустон ва Русия тавсия дод, ки мавқеи худро ба ҷаҳони боқимонда беҳтару саҳеҳтар шарҳ диҳанд. «Таҷрибаи ман дар Афғонистон бозгӯи он аст, ки мо аз нобоварӣ миёни кишварҳои асосии дунё азият мекашем», - таъкид доштааст собиқ президенти Афғонистон.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми маърӯза раисҷумҳурӣ 12-уми Афғонистон ба саволҳои донишҷӯён посух гуфтааст.