Ахири ҳафтаи сипаришуда Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Маросими баимзорасонии Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк баргузор гардид, иштирок намуда, Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар маросими мазкур 175 кишвари узви СММ дар сатҳи роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва вазирони соҳавӣ ширкат варзида, санади мазкуро ба имзо расониданд. Лозим ба таъкид аст, ки аз он 14 кишвар аллакай он санадро тасдиқ намудаанд.

Дар ин маросим Сирoҷиддин Аслов аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, яке аз ҷаласаҳои маросими мазкурро ҳамраисӣ намуд ва дар рафти суханронии худ аз афзоиши таъсири тағйироти иқлим ба муҳити зист ва вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва минтақа ёдовар гардида, роҳандозии табдирҳои мутобиқгардониро, ки ҷузъи асосии рушди устувор мебошанд, муҳим арзёбӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ инчунин зикр кард, ки айни замон Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар марҳилаи ниҳоии баррасӣ қарор доранд ва зимни татбиқи ин ҳуҷҷатҳо масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба инобат гирифта хоҳанд шуд.