Варақаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ ба нашр мерасанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, нусхаҳои қисмати асосӣ ва бештари варақаҳо, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 4,3 млн. ададро ташкил хоҳанд дод, бо забони тоҷикӣ нашр шуда, ба мҳаллаҳои аҳолинишине, ки дар он шумори зиёди мардуму русу ӯзбек ва қирғиз иқомат доранд, варақаҳо бо ҳамин забонҳо низ фиристода мешаванд.

Варақаи овоздиҳӣ аз матни зерин иборат аст: «Ҳамаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистонро қабул доред?». Ду шакли посух низ мавҷуд аст: «Ҳа» ва «Не».

Ҳамчунин дар варақаи овздиҳӣ тартиби дуруст пур кардани он низ зикр мешавад.

Варақаҳо дар нашриёти «Шарқи озод» ба чоп расида, як сатҳи муҳофизат хоҳанд дошт.