Комиссияи интихоботии пойтахт Раҳмон Озода Эмомалӣ, духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расман номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон сабт кард. Ӯ дар интихобот бидуни ҳариф иштирок мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Ёдрас мекунем, ки дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзи 14 апрел доир гардида буд, Раҳмон Озода Эмомалӣ якдилона ва бидуни алтернатива номзад ба аъзогӣ дар палатаи болоии парлумон пешбарӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 25 марти худ дар бораи санаи 29 май баргузор намудани интихоботи пешазмуҳлат ба палатаи болоии парлумон ба ҷойи вакили хориҷшуда аз он, собиқ роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Бахтиёр Худоёрзода, ки ахири моҳи январ раиси КМИР Тоҷикистон таъин шуд, қарор қабул кард.

Раҳмон Озода Эмомалӣ, ки ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ фаъолият дошт, ба курсии роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент нишаст. Раҳмон Озода Эмомалӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аст.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки дар қиёс бо Маҷлиси намояндагон аъзои Маҷлиси миллӣ (палатаи болоии парлумон) тариқи раъйдиҳии мустақим интихоб намешаванд. 25 нафар аз 33 аъзои Маҷлиси миллӣ таваасути раъйдиҳии пинҳонӣ дар ҷаласаҳои муштараки вакилон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии ин вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ва ноҳияҳои тобеи марказ интихоб мешаванд. Боқимонда 8 нафар аъзои дигарро президенти кишвар таъин мекунад. Президенти аввалини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов дар Маҷлиси миллӣ мақоми узви якумриро дорад.

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро аз замони таъсисёбиаш дар соли 2000 раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарӣ мекунад.