Мансабдорон аз ноҳияи Мастчоҳ раиси вилояти Суғдро бовар кунониданианд, ки баҳс миёни муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода ва сокини маҳаллӣ Шаҳнози Ниёзбоқӣ бар асари адовати шахсӣ байни занҳо ба миён омадааст.

«Ба ман нусхаи аслии номаи ҷавобии муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ ба Ш.Ниёзбоқиро пешниҳод карданд, ки дар он доир ба симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро ва озмуни доиргардида ҳарфе нест ва ба ман итминон медиҳанд, ки нусхаи номаи дар ихтиёри ВАО қароргирифта, сохтакорӣ аст», - гуфт имрӯз ба журналистон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ.

Ба гуфтаи А.Қодирӣ, дар ин ҳолат ӯ ба ҳарду ҷониб пешниҳод карданист, ки барои дарёфти ҳақиқат ба суд муроҷиат намоянд. «Ман ба шумо танҳо ба як чиз итминон доданиам, ки барои вохӯрӣ бо президент ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ минтақа ягон озмун гузаронида нашудааст», - изҳор дошт раиси вилоят.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 апрел хабаргузории «Озодагон» дар бораи қазияи сокини ноҳияи Мастчоҳ Шаҳнози Ниёзбоқӣ  иттилоъ дод , ки ба ӯ барои иштирок дар вохӯрии ҷавонон бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 марти соли 2016 дар доираи ҷашни Наврӯз дар маркази ноҳия - шаҳраки Бӯстон иҷозат надодаанд.