Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 май сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро, ки ҳайати ҳукумати кишварашро дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 роҳбарӣ менамояд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба рушди босуботи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки асоси онро робитаҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстию ҳамҷавории бардавом ташкил медиҳанд, ҳавасманд буда, барои ба сатҳи сифатан нав расондани ин ҳамкорӣ аз тамому имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.

Тавре таъкид шуд, оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 дар муносибатҳои минтақавии байнидавлатӣ, бахусус дар раванди рушди ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Қирғизистон нақши созанда гузошта барои таҳкими муносибатҳои дӯстона дар дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ заминаҳои созгор фароҳам меоварад.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба роҳҳои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорату савдои байнидавлатӣ, истифодаи пурраи имконоти нақлиётиву транзитии ҳар ду давлат ва иштироки фаъол дар раванди таъмини амнияту бехатарии минтақавӣ изҳори назар карданд.

Ҳавасмандии ҳарду ҷониб ҳамчунин доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ баён гардида нақши фаъоли ҳар ду давлат дар татбиқи лоиҳаҳои дигари дорои аҳамияти минтақавӣ махсус таъкид шуд.