Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода ахири ҳафтаи сипаришуда бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Йенс Столтенберг дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Брюссел, Эркинхон Раҳматуллозода ба сифати намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди НАТО ба дабири куллли Созмон эътимодномаҳои худро супурда, «паёму дурудҳои Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро ба Столтенберг расонид.

Зимни мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои мутақобилаи Тоҷикистону НАТО, аз ҷумла мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, таҳкими амнияти марзҳо, беҳбуди ҳамоҳангсозии талошҳо зидди қочоқи маводи мухаддир, ҳамкорӣ дар самти безараргардонии минаҳо, тарҳрезии вокуниш ба ҳодисаҳои фавқулода ва кумак ба осебдидагони офатҳои табиӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи барномаи илмии Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Йенс Стобенбрег барои паёму дуруди самимонаи сарвари давлати Тоҷикистон ба сафир миннатдорӣ изҳор намуда, таъкид дошт, ки дар доираи барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ», ки Тоҷикистон узви он аст, ба кумаку муосидат дар бахшҳои ҳамоҳангшуда омода аст.

Зикр мегардад, ки дар робита ба натиҷаҳои ҳосилшуда аз нишасти чанде қабли НАТО дар Варшава, ки дар он масъалаи таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ буд, дабири кулли НАТО ва сафири Тоҷикистон бори дигар зарурати ҳамоҳангсозии талошҳо дар ҳаллу фасли ин масъалаи хеле муҳим барои минтақаро таъкид намуданд.