Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байнулмилалӣ дар Душанбе оид ба масоили захираҳои об президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар мудирияти захираҳои обҳои минтақавӣ дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бояд барномаҳои мушаххаси минтақавиро роҳандозӣ намоянд.

Ба андешаи сарвари давлати Тоҷикистон, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, метавонад кӯшишҳо дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устуворро халалдор намояд.

«Тибқи арзёбиҳои муътамад, аз ҷумла тадқиқотҳои сохторҳои алоқаманди СММ, раванди болоравии ҳарорат дар сатҳи глобалӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, ин раванд метавонад ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҳамасола то 2 триллион доллар зарар расонад», - гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистон,  ки  дар қаламрави он то 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул  меёбад, ҳамчунин  аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим  дар канор намондааст.

«Дар давоми даҳ соли ахир қариб 30 дарсади ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон об шудааст ва ин тамоюл идома дорад, - иброз дошт ӯ. - Тайи ин давра танҳо масоҳати пиряхи Федченко – бузургтарин пиряхи қитъавӣ дар Тоҷикистон – ба андозаи 2 километри мукааб ях  коҳиш ёфтааст».

Дар ҳамин ҳол, гуфт дар идома президенти Тоҷикистон, ҳамзамон, соли ҷорӣ бинобар камобӣ  пастшавии сатҳи оби  дарёҳои асосии минтақа, аз ҷумла Амударё  ва Сирдарё дар андозаи то 30 дарсад мушоҳида мешавад ва ин ҳолат ба ҷараёни обтаъминкунии кишварҳои ҳавза таъсирбахш аст.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” ба кори худ оғоз намуд.