Дар сафоратхонаи Чин дар Тоҷикистон рӯзи 23 август вохӯрии намояндагони масъули сафорат бо раҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) доир гардид.

Раиси ҲКТ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ин вохӯрӣ бо дастури Раёсати ҳамкориҳои байнулмилалии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин барпо шуда, дар он масъалаҳои роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни аҳзоби коммунисти ҳарду кишвар баррасӣ шуданд.

«Мо қайд кардем, ки нақши сармояи Чин дар рушди иқтисоди Тоҷикистон хеле бузург буда, коммунистони тоҷик сиёсати хориҷии кишварро нисбат ба ҳамсояи бузурги худ, ки онро президенти Тоҷикистон чандин маротиба «стратегӣ» унвон кард, дастгирӣ мекунанд», - зикр кард Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили табодули таҷриба миёни ҳайатҳои Ҳизбҳои коммунисти Тоҷикистону Чин табодули назар сурат гирифтааст.