Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири тозатаъини Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров бо изҳори миннатдорӣ қайд кард, ки давоми солҳои охир Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯби барномаи грантҳои хурду миёна дар Тоҷикистон беш аз 350 лоиҳаи иҷтимоиро муваффақона татбиқ намуд.

Раиси палатаи поёнии парлумон изҳори итминон кард, ки сафари расмии навбатии Президенти Тоҷикистон Раҳмон ба Ҷопон соли 2017 ба рушди боз ҳам бештари мунсибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.