Нимаи дуюми рӯзи 28 август ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи ба бемористон бистарӣ шудани президенти ин кишвар Ислом Каримов барои муолиҷа хабарӣ расмӣ пахш намуд.

Ин маълумотро хабаргузории Uza.uz интишор намуда, вале баъди чанде ин хабар дигар дар сомонаи агентӣ кушода намешуд. Қаблан ин маълумотро бо истинод ба Uza.uz хабаргузории дигари ӯзбекистонӣ  «Газета. уз» нашр кард. Дар он гуфта мешуд, ки: «Ба андешаи мутахассисон, барои ташхиси пурраи тиббӣ ва муолиҷаи минбаъда давраи муайяне зарур аст». Суроғаи ин хабарро хабаргузории мустақили «Фергана» тақрибан соати 17:00  ба вақти Маскав нашр намуд.

Аммо баъдан дар сомонаи «Газета.уз» маълумот кӯтоҳтар ва дубора таҳрир шуд: «Ба андешаи мутахассисон, муоинаи пурраи тиббӣ зарур аст».

Дар ҳамин ҳол, тавре «Фергана» бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад, Ислом Каримов рӯзи шанбе гӯё бемории сактаи майнаи сар (инсулт)-ро аз сар гузаронидааст. «Охири рӯзи шанбе манбаъҳои «Фергана» дар Тошканд иттилоъ додаанд, ки Ислом Каримови гирифтор ба бемориҳои сершумори кӯҳна гӯё бемории сактаи майнаи сарро аз гузаронидааст. Сатҳи вазнинии сакта маълум набуда, танҳо маълумотҳое мавҷуд аст, ки табибони маъруфи қаблан огоҳ аз бемории президенти кишвари ҳамсоя ва ӯро муолиҷакарда аз хориҷа ба Тошканд омадаанд».

Қобили зикр аст, ки санаи 1 сентябр дар Ӯзбекистон 25-умин солгарди Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад. Маъмулан ҷашнҳои асосии кишвари ҳамсоя бо ҳузури сарвари давлати Ӯзбекистон доир мегардиданд.