Дар робита ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон, ирсоли барқияҳои шодбошӣ ба унвони президенти ин кишвар Ислом Каримов аз сарони кишварҳои ҷаҳон идома дорад.

Хадамоти матбуоти сарвари давлати Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки аз ҷумла ба ин муносибат ба Ислом Каримов аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ расидааст.

Ҳамчунин Ислом Каримовро бо ҷашни 25-солагии Истиқлолият сарони кишварҳои ИМА Барак Обама ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин табрик кардаанд.

Табрикоти худро ба президенти Ӯзбекистон ҳамчунин сарони кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Беларус, Украина, Туркманистон, Олмон, Лаҳистон ва дигар кишварҳо низ ирсол намудаанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан васоити ахбори умум бо истинод ба манобеи дипломатӣ дар Тошканд хабар дода буданд, ки бо тасмими мақомоти Ӯзбекистон, қисмати расмии таҷлили иди истиқлолияти ин кишвар, ки қарор буд рӯзи 31 август барпо шавад, бекор шудааст.