Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки санаи 16 сентябр дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек доир мегардад, иштирок мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҳошияи кори нишаст дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо чанде аз сарони кишварҳои узви Иттиҳод дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа имзои 13 лоиҳаи санадҳо дар бахшҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва таъмини амният ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, иштироки худ дар ин нишастро сарони кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон тасдиқ намуда, Турманистонро - муовини раиси Девони вазирон, Молдоваро - нахуствазир, Ӯзбекистонро - вазири корҳои хориҷӣ ва Украинаро сафири ин кишвар намояндагӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст қабули як қатор асноди бисёрҷониба, аз ҷумла изҳорот оид ба муқовимат ба терроризми байнулмилалӣ, мушкилоти муомилоти маводи нашъаовар, изҳорот доир ба 70-солагии трибунали Нюрнберг, қарорҳои тадорукотӣ, аз қабили раёсати Русия дар ИДМ соли 2017 дар назар аст.