Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар президентро муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, директори Агентии омори назди президент Гулнора Ҳазанзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар ҳошияи кори ин нишаст дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо чанде аз сарони кишварҳои узви Иттиҳод дар назар аст. Дар ин ҷаласа имзои 13 лоиҳаи санадҳо дар бахшҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва таъмини амният ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин нишаст сарони кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок намуда, Турманистонро - муовини раиси Девони вазирон, Молдоваро - нахуствазир, Ӯзбекистонро - вазири корҳои хориҷӣ ва Украинаро сафири ин кишвар намояндагӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст қабули як қатор асноди бисёрҷониба, аз ҷумла изҳорот оид ба муқовимат ба терроризми байнулмилалӣ, мушкилоти муомилоти маводи нашъаовар, изҳорот доир ба 70-солагии трибунали Нюрнберг, қарорҳои тадорукотӣ, аз қабили раёсати Русия дар ИДМ соли 2017 дар назар аст.