Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон рӯзи 19 сентябри 2016 дар толори меҳмонхонаи «International Hotel Tashkent» зиёфати расмӣ орост.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур муовини сарвазири Ӯзбекистон А.Икромов, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Ниёзхоҷаев, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷӣ, сарварон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Тошканд, арбобони илму фарҳанг ва санъат, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватаноне, ки дар Ӯзбекистон иқомат доранд, иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ зиёфати расмиро бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуд.

Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Насиба Абдуллоева бо сурудҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ хотири ҳозиринро шод гардонд. Дар рафти пазироӣ филми мустанад дар бораи таърих, табиат, фарҳанг, анъана ва дастовардҳои навини Тоҷикистон пахш гардид.

Дар толори макони чорабинӣ гӯшаи этнографӣ дар бораи таъриху фарҳанги бостонӣ ва анъанаҳои ғании миллати тамаддунофари тоҷик ташкил карда шуд.