Наздики 50 нафар намояндагони созмони ҷавонони «Пешоҳанг»-и Тоҷикистон рӯзи 21 сентябр назди бинои Дафтари САҲА дар Душанбе ҷамъ омада, аз ин ниҳод посух ба муроҷиаташонро дархост намуданд.

Ба гуфтаи яке аз пешвоёни созмони «Пешоҳанг» Аслиддин Хушвахтов, дар муроҷиати рӯзи 20 сентябр ба САҲА ирсолнамуда аз он изҳори тааҷҷуб шуда буд, ки чӣ гуна рӯзи 19 сентябр ҷонибдорони Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24», ки Суди олии Тоҷикистон онҳро террористиву ифротгаро эълон кардааст, бидуни монеъа ба толори ҷаласаи САҲА дар Варшава ворид шудаанд.

Намояндагони созмони «Пешоҳанг»-ро муовини роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон Фабиои Пиана ба ҳузур пазируфта, посух додааст, ки муроҷиати онҳо ба САҲА тарҷума ва қароргоҳи Созмон фиристода шудааст.

Фаъолони «Пешоҳанг» дар назди Дафтари САҲА дар Душанбе
Аксҳо аз «Озодагон»

Созмони ҷавонони «Пешоҳанг», ки ҳайаташ асосан аз донишҷӯёни макотиби олӣ иборат аст,  соли 2015 таъсис дода шуд. Ба гуфтаи яке аз роҳбарони он, донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ Аслиддин Хушвахтов, ҳадафи аслиии созмон пешгирии гаравидани ҷавонони тоҷик ба ҳама гуна созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аст.