Як гурӯҳ аз донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт аз САҲА интиқод кардаанд, ки гуруҳҳои зиддиҳукуматии Тоҷикистонро ба толори баргузории ҷаласа роҳ додааст.

Хабаргузории TojNews бо истинод ба иттилоияи донишҷӯён менависад, гурӯҳи донишҷӯён гуфтаанд, “Полша кишварест, ки аъзои  Интерпол мебошад ва бояд ҷинояткорони дар кофтукоби Интерполбударо дастгир намояд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки баръакс онҳоро пуштибонӣ намуда, дар ҳудуди худ роҳ додааст.

Ин донишҷӯён суол гузоштаанд, ки САҲА “чаро ин рафторашонро нисбат ба ҷинояткорон аз кишварҳои абарқудрат, ба мисли Амрико, Олмон, Русия, Франсия ва дигарон раво намебинанд. Пурсида мешавад, ки чаро чунин рафтори ноҷавонмардонаро нисбат ба Тоҷикистон, ки дар марҳилаи тараққиёт қарор дошта ва ҳамаҷониба институтҳои демократиро ҷонибдорӣ менамояд,  раво мебинанд.”

- Рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мо донишҷӯёнро сахт нигарон кардааст, ки дар гуфтор зидди терроризму экстремизм буда, дар асл онҳоро тарафдорӣ карда истодаанд. Агар ин хел набошад, пас чаро ҷинояткоронро дар ин ҷаласаҳо роҳ додаанд? Аз ин рӯ, мо донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба ақидаи дигар донишҷӯёни кишвар ҳамфикр буда, рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ  дар Аврупо (САҲА) –ро маҳкум менамоем,-омадааст дар изҳороти Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт.

Қобили зикр аст, ки қаблан намояндаи Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони мухолифон посух гуфта, онҳоро шарикони созмони террористии Давлати исломӣ номид.