Ҳукумати ИМА дар робита ба ҳукме, ки нисбати ду адвокати мустақил рӯзи 6 октябр дар Душанбе содир шуд, нигаронӣ изҳор намуд.

Дар изҳороти интишоршудаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон қайд мешавад, ки Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико бо изҳори нигаронӣ камбудиҳои назаррасро дар меъёрҳои адлияи ҷойдошта дар рафти мурофиаи судии вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамов, ки 6-уми октябр мутаносибан ба 23 ва 21 соли маҳбас маҳкум гардиданд, таъкид мекунад.

«Мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаем, ки мурофиаи судӣ ба таври одилона, шаффоф ва мувофиқи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таҳти Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ гузаронида шавад», - омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, дастрас набудани ҳимояи ҳуқуқии зарурӣ барои Ёров ва Маҳкамов, аз ҷумла барои овозҳои мустақил, боиси эҷоди монеа дар пешрафти демократии Тоҷикистон гардидааст.

«Иёлоти Мутаҳҳида аз мақомоти дахлдори  Тоҷикистон даъват менамояд, ки барои тамоми  вакилони дифоъ имкониятро ҷиҳати бе тарси ҳавф ё фишор, минҷумла ҳабси ғайриқонунӣ ё таъқибот адо намудани фаъолияташон фароҳам оваранд», - қайд мешавад дар изҳороти сафорат.

Зимнан изҳори итминон мешавад, ки пешрафти мунтазам ва таъмини амну субот дар Тоҷикистон пайравии Ҳукумати кишварро аз ҳифзи озодиҳои бунёдии ҳамаи шаҳрвандон талаб менамояд.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба ҳукм нисбати адвокатҳо Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch (HRW) ва Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Миёна (Association for Human Rights in Central Asia) низ садо баланд карда, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки адвокатҳои ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкумшуда бетаъхир озод карда шаванд.