Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 25 октябр сафирони Ҳиндустон ва Афғонистон дар Тоҷикистон Сомнат Гош ва Абдулғафур Орзуро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ сафирони кишварҳои мазкур даъватномаи муштараки вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустон ва Афғонистонро ба унвони вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё –Раванди Истамбул”, ки 4 декабри соли 2016 дар шаҳри Амритсари Ҳиндустон пешбинӣ шудааст, тақдим намуданд.

Гуфта мешавад, атрофи рӯзномаи конфронси мазкур ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати таъмини сулуҳ субот ва эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон ва инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.