Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 9 ноябри соли 2016 котиби давлатӣ – муовини вазири корҳои хориҷии Россия Григорий Карасинро, ки ҷиҳати иштирок дар машвартҳои байниидоравии сиёсӣ миёни Тоҷикистону Россия ба ш.Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо қаноатмандӣ қайд карда, роҷеъ ба дурнамои самтҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, баъд аз мулоқот машваратҳои сиёсӣ оид ба мавзӯи дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъ дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод роҳбарӣ кард.