Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодро ба ҳузур пазируфт. Ин вохӯрӣрӯзи 16 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

«Зимни мулоқот ҷонибҳо як қатор ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла масоили марбут ба аломатгузорӣ ва таъйини қитъаҳои марзи кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд», - хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ Ӯзбекистон.

Ёдрас мекунем, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон санаи 14 ноябр бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Содиқ Имомӣ мулоқот доир гардид. Дар ин вохӯрӣ низ масъалаҳои суръат бахшидан ба ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба таъину аломатгузории марзи давлатии ҳарду кишвар ва тезонидани анҷоми расмиёти ҳуқуқии он баррасӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон, ба наздикӣ гурӯҳи кории Тоҷикистон оид ба таъин ва аломатгузории марзи давлатӣ бо Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд сафар мекунад. «Ҷонибҳо то охири соли равон ин масъаларо пурра ҳаллу фасл карданианд», - гуфт манбаъ.