Дар шаҳри Ҳамбурги Олмон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов санаи 7 декабр дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар сиғаи С5+1, ки бо ташаббуси Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри дар ҳошияи Иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баргузор гардид, иштирок намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба роҳҳои беҳтари баҳрабардорӣ аз абзорҳои С5+1, инчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.
Хабаргузории ТАСС менависад, дар мулоқот вазирони корҳои хориҷии 4 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳузур дошта, намояндаи Туркманистон иштирок накардааст.
Котиби давлатии ИМА вазиронро бо ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти кишварҳояшон табрик гуфта, ҷонибдории ИМА-ро ба ин шакли вохӯриҳо «ба сифати восита ҷиҳати корҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯйи масоили дорои хусусияти минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ» таъкид доштааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин ҳамин рӯз дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар ҳошияи иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли созмони мазкур Ламберто Занниер баргузор гардидааст.
Қайд мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА дар доираи се ченаки фаъолияти Созмон, аз ҷумла дар самтҳои вокуниш ба чолишҳои муосири амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, инчунин масъалаҳои умдаи рӯзномаи иҷлоси дарпешистодаи вазирон табодули афкор намуданд.
Зери шиори “дастгирии истеҳсоли ватанӣ”. Волидайнро маҷбур доранд пойафзори мактабиро аз як корхона харанд
Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун”
Маҳдудияти нави Толибон. Мардон шими ҷинс напӯшанд ва мӯйи сари худро “ғайриисломӣ” ороиш накунанд
Ба довталабони Хуҷанд ва Душанбе тарзи ба донишгоҳҳои Русия ва Белорус дохил шуданро мегӯянд
"Модарам маро аз фарзандонам ҷудо кард". Чӣ гуна гирифторони ВНМО дар Тоҷикистон ба табъиз дучор мешаванд?
КҲФ аз хатари омадани сел дар маҳалҳо дар ду рӯзи наздик огоҳ кард
“Дар дилхоҳ ҷой метавонанд харанд”. Шарҳи Вазорати маориф ва илм ба баҳси хариди иҷбории сару либоси мактабӣ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Хӯрандагони бачаи фил"
Эмомалӣ Раҳмон як хатти интиқоли барқи НБО “Роғун”-ро ба истифода дод
Нархи чипта 900 сомонӣ. Парвози ҳавопаймо ба Хоруғ дигарбора барқарор шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста