Дар шаҳри Тошканд ҷараёни амалисозии тавофуқҳои ҳосилшуда дар Душанбе миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, охири ҳафтаи гузашта дидору гуфтушуниди намояндагони вазорат бо сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ доир гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва ҷараёни амалисозии созишҳои ҳосилшуда дар доираи ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии кишварҳо дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

«Дар мулоқот ҳамчунин ба ҷанбаҳои амалии омодагӣ ба робитаҳои минбаъда дар шаклҳои гуногун таваҷҷуҳ зоҳир шуд», - омадааст дар маълумоти ВКХ Ӯзбекистон.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 27-28 декабри соли 2016  дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардида, дар он доираи васеи масоли муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд.