Президенти Русия Владимир Путин барои мусоидат ва кумак ба фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави ҷумҳурӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ изҳор намуд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

«Дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-уми Русия фаъолият дорад ва ман ба Шумо барои мусоидату кумакатон дар кори он миннатдорӣ баён карда, бидуни шубҳа гуфта метавонам, ки ин омили муҳими субот ва амният дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ аст», - овардааст гуфтаҳои Путинро хабаргузорӣ.

Президенти Русия ҳамчунин зикр кард, ки ба баррасии пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон доир ба густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар соҳаи илму маориф омода аст.

«Шумо ҳамеша ба масъалаи ҳамкориҳои гуманитарӣ, бахусус бахши маориф таваҷҷуҳ зҳир мекунед, ки ман инро ниҳоят муҳим мешуморам,- гуфтааст Путин. - Мо бешубҳа пешниҳоди Шумо доир ба тавсеъаи ҳамкориҳо дар ин самт ва натанҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ, балки таҳсилоти миёнаи умумиро низ баррасӣ хоҳем кард».

Ӯ қайд кард, ки айни замон дар мактабҳои олии Русия 21 ҳазор нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон таҳсили илм мекунанд, ки таҳсили 10 ҳазор нафарашон аз ҳисоби буҷет аст.

Путин ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон кишвари дӯсту бародарест, ки онро бо Русия ҳамкориҳои мутақобилаи чандинсола мепайванданд.

«Тоҷикистон дар ҳамаи муносибатҳо иттифоқчии муҳими мо ва шарики стратегӣ буд ва боқӣ мемонад, - қайд кардааст Путин. - Ба фаъолият бо Тоҷикистон ва талошҳои шахсии Шумо дар минтақа оид ба таъмини субот дар минтақа таваҷҷуҳи хосса дорем».