Дар ҳошияи сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистон субҳи имрӯз мулоқоти хосса ва дӯстонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар сӯҳбати самимӣ сарони давлатҳо масоили марбут ба натиҷаҳои сафар ва роҳу усулҳои тадбиқи мувофиқаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба муҳимияти иҷрои санадҳои нави ҳамкорӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Гуфта мешавад, бо ҳамин сафари расмии Президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон анҷом ёфта, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон гусел намуд.


Ҳамчунин субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Владимир Путин бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.