Дар доираи иштирок дар кори Ичлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод бо Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуда, дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнидавлатӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид ва таъкид шуд, ки дар давоми 25 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия бо талошҳои муштарак ҳамгироии байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бемайлон густариш ёфта, сатҳу зинаҳои беҳтару хубтареро касб кардаанд.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушди муомилоти иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави беҳтарсозии нишондиҳандаҳои гардиши савдои берунии байнидавлатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия, ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Туркия дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкории манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёти байналмилалӣ ва туризм, аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори робитаҳои густурдаи байнидавлатӣ арзёбӣ гардид.

Сарони давлатҳо ҷиҳати гузаронидани нахустин Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркия, рӯзҳои фарҳангии ду давлат дар кишварҳои ҳамдигар, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, хусусан афзун намудани шумораи квотаҳои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва роҳандозии робитаи пайвастаи аҳли илму эҷод ба мувофиқа расиданд.

Ҳарду ҷониб барои таҳкими муштаракоти дуҷонибаю минтақавӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва мусоидат ба раванди барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон ҳамфикрии хешро таъкид намуданд.

Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган аз Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки дар фурсати муносиб бо сафари расмӣ ба Туркия ташриф оварад. Даъват бо камоли майл пазируфта шуд ва таъкид гардид, ки вақту муҳлати барои ҳарду ҷониб мувофиқи ин сафар тариқи роҳҳои дипломатӣ муайян карда хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар Исломобод зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф аз дидори наву фурсати муносиб барои суҳбати самимӣ изҳори хушнудӣ карда, ҷонибҳо вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба ва масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Акс аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо ба ҳисоб мераванд.

Ҷонибҳо доир ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти барқи баланшиддати КАСА-1000, ҷалби имкониятҳои сармоягузории Покистон ба лоиҳаҳои гироэнергетикӣ, инфрасохторӣ, нақлиётӣ ва транзитии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати байни Тоҷикистону Покистон бо истифода аз долони иқтисодии Чину Покистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкории исломӣ баҳои баланд дода шуд.

Дар мулоқот ҳамзамон масоили ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ, ниҳодҳои мудофиавӣ ва хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон, иштироки фаъол дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидати бештар ба таъмини сулҳу амният дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.