Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) судяи суди вилояти Суғд Мавлудахон Мирзозодаро аз ҳавзаи интихоботии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Мавлудахон Мирзозода ба ҷойи Мавлуда Қаландарзода, ки моҳи феврали соли равон раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон таъин шуд, ба курсии вакилӣ дар парлумон довталабӣ мекунад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон маъракаи интихобот ба ҷойи вакили хориҷшуда аз ин ҳавзаро санаи 23 апрел таъин карда, то ҳол ба ҷуз ҲХДТ, дигар ҳеҷ кадоме аз аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи мазкур номзад пешбарӣ накардаанд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории интихоботи Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо як моҳ пештар аз интихобот, яъне 23 март ба охир мерасад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.