Намояндаҳои Тоҷикистон аз ширкат дар ҳамоиши Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки рӯзҳои 23-24 май дар шаҳри Венаи Австрия баргузор мешавад, даст кашидаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ба ҳамоиши “Ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатбор, ки ба терроризм мебарад” (Conference Preventing and Countering Violent Extremism and Radicalization that Lead to Terrorism) намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, Додситонии кулл, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даъватнома гирифта буданд.

Вебсайти САҲА хабар дод, ки ин нишаст ба хотири баррасии масоили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таҷрибаи миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин замина, ҳифзи озодии баён зимни мубориза бо ифротгароӣ дар Интернет, роҳҳои муосири ҷилавгирӣ аз ифротагроӣ ташкил мешавад. Дар нишасти САҲА қарор аст ҳама кишварҳои узви ин созмон иштирок кунанд.

Ду ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки аз ин мавзӯъ огаҳӣ доштанд, рӯзи 22 май гуфтанд, аз ширкат дар ҳамоиши Вена мақомоти расмӣ ва ҳам намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ худдорӣ карданд.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, барои ширкат дар ин нишаст, раводид дастрас шуда билети сафар ҳам омода буд, вале дар охирин лаҳза даъватшудагон ба хулосае расиданд, ки дар ин нишаст иштирок намекунанд.