Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар нишасти марбут ба вазъи ҳуқуқи башар ва зиндониҳои сиёсӣ, ки дар ҷаласаи ҳошиявии созмони Human Rights Watch (HRW) ташкил мешавад, иштирок накунад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ҷаласаи САҲА, ки субҳи 11 сентябр дар шаҳри Варшава шурӯъ шуд, ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар 57 кишвари узви ин созмон ихтисос ёфта, то 22 сентябр идома меёбад.

Ҳукумати Тоҷикистон пештар гуфт, ки дар сурати ширкати ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ва "Гуруҳи 24"дар нишасти САҲА, мумкин аст, намояндагии САҲА дар Тоҷикистон комилан баста шавад.

Ба иттилои манбаъ, субҳи 11 сентябр ҳудуди 20 нафар аз аъзои мухолифони тоҷик дар назди бинои САҲА даст ба ҳамоиши эътирозӣ зада талош доштанд таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба мавзӯи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҷалб кунанд.

Хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Брюс Паннир аз Варшава хабар додааст, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт дар ҷаласаҳои баъдӣ, аз ҷумла, нишастҳои ҳошиягии ин ҷаласаҳо ҳузур надошта бошад. Брюс Паннир баъд аз зуҳри 11 сентябр, дар лаҳзаҳои пеш аз шурӯи нишасти HRW ва мухолифони тоҷик гуфт, ба маҷлисгоҳ хабаре расид, ки ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон нишасти САҲАро хотима додааст.

Ҷаласаи рӯзи душанбе бо номи “Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳ: Ҳамла ба озодии баён, фаъолияти ҳуқуқӣ ва интиқомҷӯӣ аз дигарандешон” (“Tajikistan in Focus: Assault on Free Expression, the Legal Profession, and Retaliation against Dissidents”) бо ширкати намояндагони матбуот ва фаъолон баргузор мешавад ва созмондиҳандаи ин ҷаласа ташкилоти байналмилалии Human Rights Watch ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ мебошанд.

Тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, ҳайати расмии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода роҳбарӣ мекунад.

Набӣ Юсупов, раиси созмони “Медиа кансалтинг” рӯзи 11-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бо сабаби таъхири ҳавопаймои самти Душанбе-Маскав дар соатҳои охири нишаст тавонистааст дар ин чорабинӣ ширкат ва суханронии кӯтоҳе кунад.

Ӯ ҳудуди се дақиқа дар бораи мушкили иқтисодии матбуоти тоҷик сӯҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ, дар чор соли ахир матбуоти тоҷик гирифтори мушкили ҷиддии иқтисодӣ ҳаст, ки барои ояндаи расонаҳо фалокатбор аст. «Созмони мо соли гузашта дар миёни раҳбарони ВАО пажӯҳиш гузаронид, ки 95 дар сад эътироф карданд, ки таҳти фишори бӯҳрони иқтисодӣ қарор доранд», - иброз доштааст ӯ.

Поин рафтани теъдоди нашр, қиммат шудани коғаз барои чоп аз омилҳое будааст, ки ба гуфтаи Юсупов, кори матбуотро мушкил кардааст. Аз ин рӯ, ба қавли ӯ, аксар расонаҳо шумораи кормандони худро коҳиш додаанд ва фаъолияти бархе низ қатъ шудааст. Ӯ дар поёни суханрониаш аз созмонҳои байналмилалӣ даъват кард, то ба матбуоти тоҷик барои берун шудан аз ин вазъи бӯҳронӣ кӯмак кунанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта АМИТ «Ховар» дар остонаи нишасти навбатии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава аз эҳтимоли комилан баста шудани дафтари ин созмон дар Тоҷикистон хабар дод.

Дар маълумоти Агентӣ қайд шуд, ки агар дар конфронси ҳарсолаи САҲА оид ба демократия ва ҳуқуқи инсон фаъолони ҲНИТ – ташкилоте, ки фаъолияти он дар ҶТ, кишварҳои узви ИДМ, СҲШ ва СААД қонунан манъ карда шудааст, даъват карда шаванд, он гоҳ фаъолияти намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон шояд пурра қатъ карда шавад.

Қобили зикр аст, ки аз 1 июли соли 2017 мақоми САҲА дар Тоҷикистон то сатҳи Барномаи САҲА дар Тоҷикистон поён фароварда шуд. Ин сатҳи намояндагӣ  ба фаъолияти шуъбаҳоои ин созмон дар минтақаҳои Тоҷикистон иҷозат намедиҳад, бинобар ин шуъбаҳои созмон дар ноҳияҳои Ғарм, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Шаҳритус баста шуданд.

Дар Душанбе акнун ҳамаи чорабиниҳои САҲА танҳо бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Қаблан кормандони САҲА оид ба чорабиниҳои худ ба Вазорати корҳои хориҷӣ танҳо хабар медоданду бас.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.