Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссингро ба муносибати супоридани нусхаи эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши  ҳамкориҳои  минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намуданд.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми мулоқот Сироҷидин Аслов ба Найтхарт Хёфер-Виссинг дар фаъолияти минбаъдаи касбиаш муваффақият таманно кард.

То таъин шудан ба ин вазифа (то нимаи моҳи сентябри соли ҷорӣ) Найтхарт Хёфер-Виссинг ба ҳайси сафири Олмон дар Ӯзбекистон кор мекард. Қаблан дар мансабҳои консули генералӣ дар Новосибирск ва корманди сафорат дар Русия ифои вазифа кардааст.