Имрӯз дар Қасри миллати шаҳри Душанбе гуфтушунидҳои сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон шурӯъ шуданд. Президенти Тоҷикистон сарвари давлати кишвари ҳамсояро шахсан дар фурудгоҳи пойтахт гарму ҷӯшон истиқбол кард.

1/7

Дар изҳороти кӯтоҳ ба васоити ахбои умум баъди ворид шудан ба Душанбе президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ояндаи наздик ба сатҳи стратегӣ расонида шуда, Тошканд пайваста муносибатҳо бо Тоҷикистонро дар ҳама самтҳо рушд хоҳад дод.

Дар навбати худ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки аз ҷониби худ Тоҷикистон ҳамаҷониба ташаббусҳои Ӯзбекистонро дар масъалаи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дастгирӣ хоҳад кард.