Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 14 март бобати тасдиқи Созишнома дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон қарор ба имзо расонид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбути сарвари давлати кишвари ҳамсоя.

Ба иттилои манбаъ, муқаррароти Созишномаи мазкур то замони тасдиқи расмии он аз 16 марти соли 2018 нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави Ӯзбекистон равуо мекунанд, тариқи транзит онро убур мекунанд ва муваққатан дар қаламрави ин кишвар ҳузур доранд, мавриди амал қарор мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии ВКХ Ӯзбекистон, 14 март Ӯзбекистон расмиёти давлатии дохилии Созишномаи зикршударо ба анҷом расонида, президент Шавкат Мирзиёев онро тасдиқ намуд.

«Барои муҳайё сохтани шароити мусоид ба аҳолии кишварҳо дар остонаи ҷашни Наврӯз доир ба муваққатан мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи мазкур нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон то тасдиқи расмии он қарор қабул шуд», - гуфта мешавад дар сомонаи ВКХ Ӯзбекистон.

Зимнан зикр мегардад, ки аз 16 марти соли 2018 шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои аслии сафар (шиносномаи дипломатӣ, хидматӣ ва хориҷӣ) метавонанд бераводид то 30 рӯз дар қаламрави Ӯзбекистон ҳузур дошта бошанд.

Доир ба расман тасдиқ шудани Созишнома ва мавриди амал қарор гирифтани он нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври иловагӣ хабар дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.