Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 март дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот таъкид гардид, ки Осиёи Марказӣ - ин минтақаи дорои захираҳои васеи табиӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва неруи зиёди инсонӣ мебошад ва изҳори умед карда шуд, ки ин имкониятҳо бояд ба манфиати халқҳои тамоми минтақа самаранок ва оқилона истифода карда шаванд.

Бино ба андешаи иштирокчиёни мулоқот ҳалли масъалаҳои мазкур самти муҳими ҳамкории минтақавӣ мебошад, зеро дигаргуншавии вазъ дар як мамлакат ба амнияти тамоми минтақа таъсири манфӣ мерасонад.

Сарвари давлати Тоҷикистон зикр намуд, ки минтақа дорои имкониятҳои бузурги истифоданашуда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар асоси манфиатҳои тарафайн мебошад.

Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои дахлдорро баҳри аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда дар роҳи таъмини рафтуомади озоди сокинони минтақа, табодули мол, қувваи корӣ ва сармоя муҳим арзёбӣ намуд. Ба роҳ мондани истифодаи имкониятҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва иқтидори транзитӣ барои тарафҳо муфид номида шуд.

Яке аз бахшҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои обию энергетикӣ бо дарназардошти манфиати ҳамаи тарафҳо мебошад. Ин яке аз омилҳои асосии пешрафт ва рушди устувори минтақа хоҳад буд.

Дар ин робита Президенти и Тоҷикистон иброз намуд, ки: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои баланд, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дар Паёмҳои худ ба Парлумони мамлакат зикр намуда будам, ки Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард».

«Имрӯз ман мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт. Боварӣ дорам, ки муколамаи озод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории созанда метавонад ба амалишавии ҳадафҳои мо дар ин самт мусоидат намояд», - таъкид дошт Сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар охири кори ҳамоиш Изҳороти муштараки Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҷашни байналмилалии Наврӯз қабул гардид.