Чин барои сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон бар асоси кумаки бебозгашт воситаҳои пулии иловагӣ ҷудо мекунад.

Ҳукумати Чин ба ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи 900 миллион юан барои омода ва амалӣ намудани лоиҳаи сохтмони бинои парлумон ва бинои ҳукумати Тоҷикистон, лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, хизматрасониҳои коммуналӣ, фарҳанг, маориф ва ғайраҳо кумаки бебозгашт пешниҳод менамояд, қайд мешавад дар Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин оид ба ҷудо намудани кумаки бебозгашт.

Санади мазкур нимаи ҳамин моҳ зимни сафари Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян ба Душанбе ба имзо расид.

Дар шарҳи масъала аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин воситаҳо илова ба 1,5 млрд. юан хоҳад буд, ки Тоҷикистону Чин қаблан дар бораи он ҷиҳати сохтмони ин биноҳо созиш ҳосил карда буданд.

Ёдрас мекунем, ки Созишнома дар бораи ҷудо кардани воситаҳо ба сифати кумаки бебозгашт дар ҳаҷми 1,5 млрд. юан (215 млн. доллар) барои сохтмони бинои парлумон ва маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон байни ҳукуматҳои ҳарду кишвар моҳи сентябри соли гузашта зимни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин ба тасвиб расида буд.

Санаи 13 сентябри соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян ба корҳои сохтмонӣ дар биноҳои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.

Бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз - 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад. Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.