Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷумҳурии Мардумии  Чин  Юе Бинро, бино ба  итмом расидани мӯҳлати кори мавсуф ҳамчун роҳбари намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот ҷонибҳо аз дастовардҳои ду  кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарики стратегӣ дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт,  саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ дар ин давра изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ШОС, МҲТБО ва ғайра табодули афкор намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои саҳми  шоистаи сафир дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ комёбӣ ва  ба  кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.