Ҳайати парлумонии Ӯзбекистон таҳти сарварии раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси ин кишвар Нуриддинҷон Исмоилов бори нахуст дар таърихи муносибатҳои кишварҳо тӯли солҳои соҳибистқлолӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Олим Салимзода хабар дод, боздиди вакилони мардумии Ӯзбекистон аз Тоҷикистон рӯзҳои 19-22 ноябр дар назар аст.

Дар ҷараёни ин сафар дидору гуфтушуниди ҳайати парлумонии кишвари ҳамсоя бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисони ҳарду палатаи парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Шукурҷон Зуҳуров ба нақша гирифта шудааст.

Раиси палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳамчунин бо фаъолияти корхонаи “ТАЛКО кабел” аз наздик шинос шуда, аз нерӯгоҳи барқи обии Норак низ боздид мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.