Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дарки муҳимияти бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таҳқиқоти шаффоф ва ҳамкории судманд изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории судманд, дастгирии молиявӣ дар самти ноилшавӣ ба рушди устувор, самтҳои мухталифи рушд, амалигардонии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро муҳокима карда, натиҷаҳои онро барои ҳар ду ҷониб баланд арзёбӣ намуданд.

Айни ҳол бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, энергетика, нақлиёт, экология ва дигар соҳаҳо мавриди татбиқ қарор дорад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.

Сурат аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Интизорӣ меравад, ки ҷаноби Сирил Мюллер имрӯз меҳмони фахрии маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани арегати аввали нерӯгоҳи Роғун хоҳад шуд.

Оғози маросими ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соати 16:00 дар назар аст.

Маросими мазкур имрӯз мустақиман дар мониторҳои бузург дар чор ноҳияи Душанбе – Боғи фарҳангу фароғати ба номи Айни; Боғи фарҳангу фароғати Фирдавсӣ; майдони 800-солагии Маскав ва назди Прокуратураи генералӣ намоиш дода мешавад. Пахши мустақим соати 15:30 дақиқа оғоз мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.