Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳафтаи равон ният дорад, ки созишномаи моҳи марти соли 2018 баимзорасидаро миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони сафоратҳои ҳарду кишвар дар Душанбе ва Тошканд тасдиқ намояд.

Ӯзбекистон барои сохтмони сафорати Тоҷикистон дар ноҳияи Шайхантахури шаҳри Тошканд, паҳлӯи сафоратхонаҳои Русия, Эрон ва Афғонистон як гектар қитъаи замин ҷудо мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон.

Дар навбати худ, бино ба гуфтаи манбаъ, Тоҷикистон низ барои сохтмони сафорати Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, паҳлӯи сафоратхонаҳои Русия, Эрон ва Афғонитсон як гектар қитъаи замин ҷудо мекунад.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш парлумони Ӯзбекистон созишномаи дар боло зикршударо тасдиқ намуд.

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон айни замон дар кӯчаи Абдулло Қаҳҳор, 61 воқеъ аст. Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Имомӣ Содиқ Ашӯрбойзода мебошад.

Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар кӯчаи Саноӣ 30-и шаҳри Душанбе ҷойгир буда, сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.