Дар Кохи миллат имрӯз маросими ба Президенти Тоҷикистон супурдани эътимодномаҳои сафирони тозатаъини 9 давлат доир мегардад.

 Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар дод, сафирони Финландия, Испания, Латвия, Словения, Молдова, Малайзия, Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея, Замбия ва Ҷумҳурии Эл-Сальвадор ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои худро месупоранд.

Дар назар аст, ки Президенти Тоҷикистон дар ин маросим назди сафирон суханронӣ карда, муносибатҳои Тоҷикистонро бо кишварҳои онҳо баррасӣ ва таҳлил мекунад.

Қобили зикр аст, ки давлатҳои дар боло зикршуда дар Тоҷикистон қароргоҳи худро надоранд ва дафтарҳои кориашон берун аз ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.