Дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Женева ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин санаи 28 ноябр бо  вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷоратии берунаи Маҷористон (Венгрия) Петер Сийярто бо хоҳиши он ҷониб мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ-башардӯстӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар намуди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон, ҳамкории ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ матраҳ гардида, дар фарҷоми вохӯрӣ вазирон ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн таъкид намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.