Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷорҷ Герберт Уокер Буш ба Президенти ин кишвар Доналд Трамп барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки "хабари реҳлати собиқ Президенти ИМА Ҷорҷ Герберт Уокер Буш боиси андуҳи мо гардид”.

“Марҳум бо фаъолияти сермаҳсули худ дар маснади олии Президенти ИМА ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим соҳиби иззату эҳтироми шаҳрвандони кишвар гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохта обруву эътибори баланд дошт”, - омадааст дар барқия.

Дар фарчом Президенти Тоҷикистон ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти ИМА таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз намудааст.

Собиқ Президенти ИМА Ҷорҷ Буши калонӣ 30 ноябр дар синни 94-солагӣ дар Хюстон аз олам даргузашт, хабар медиҳад The Washington Post. Моҳи апрели соли равон ҳамсари ӯ Барбара Буш аз олам даргузашта буд. Онҳо бо ҳамдигар 73 сол зиндагӣ карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.