Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк пешниҳоди Украинаро дар бораи "низомисозии Қрим, минтақаҳои баҳри Азов ва Сиёҳро аз сӯи Русия" қабул кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҳуҷҷат бо 66 раъйи мусбат, 19 раъйи зид ва 72 раъйи бетараф (аз ҷумла Тоҷикистон) қабул шуд.

Дар қатънома омадааст, ки ҳузури низомиёни Русия дар Қрими ғасбшуда хилофи истиқлоли миллӣ, сиёсӣ ва тамомияти арзии Украина аст.

Гуфта мешавад, Маҷмаи умумии СММ "дар мавриди  қадам ба қадам низомисозии Қрим аз сӯи Русия ҳамчун абарқудратӣ ғосиб, изҳори нигаронии амиқ баён мекунад". Дар ҳуҷҷат гуфта шудааст, ки Русия дар Қрим мушакҳои ҳастаӣ, аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ ва аскару афсар ҷойгир мекунад. Маҷмаи умумӣ ҳамчунин "ҳузури рӯзафзун"-и Русияро "дар қисматҳое аз баҳри Азов ва Сиёҳ, аз ҷумла дар тангнои Азов" маҳкум мекунад. Ба илова, дар ҳуҷҷат "сохтмони пул" аз болои тангнои Керч маҳкум шудааст.

Марзбонони Русия 25 ноябр дар соҳили Қрими ғасбшуда се киштии низомии Украинаро нахуст тирборон ва баъдан ғасб карданд. Дар ин киштиҳо 24 маллоҳи украин ҳузур доштанд. Додгоҳи Русия ҳамаи онҳоро бо айби убури ғайриқонунии марз то ду моҳ ба ҳабс гирифт. Русияву Украина ҳамдигарро дар барангехтани иғво муттаҳам мекунанд. Кишварҳои Ғарб аз Русия талаб доранд, ки маллоҳонро раҳо кунад.

Қобили зикр аст, ки Русия соли 2014 Қримро ғасб кард. Украина, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА ин минтақаи Украинаро ғасбшуда эътироф мекунанд.