Сафири Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин кишвар Андрей Евдоченко дидору гуфтушунид анҷом дода, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои чорабиниҳо, аз ҷумла вобаста ба рушди муносиботи Тоҷикистон ва Беларус дар доираи сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҳамкориҳо дар самтҳои созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, фарҳангӣ-башардӯстӣ ва машваратҳои байниидоравии Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ боло бурдани сатҳи интиқоли маҳсулот, созмон додани корхонаҳои муштарак ҷиҳати истеҳсол ва мавриди истифода қарор додани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, бунёди боғҳои дӯстии Тоҷикистон ва Беларус дар минтақаҳои Брест ва Гомел, ҳамчунон масоили мубрам вобаста ба амалӣ намудани базаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносиботи тарафайн муҳим арзёбӣ шуд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунон вобаста ба масоили ташкил намудани сафарҳо дар сатҳи олӣ, баргузор намудани ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, доир намудани Рӯзҳои Фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус, ҳамчунон намоиши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар Беларус барои соли 2019 ибрози назар намуданд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли равон зимни сафари расмӣ ба Тоҷикистон президенти Беларус Алексадр Лукашенко ба сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба дар сарзамини Беларус хуб нашъунамо ёфтани ниҳолҳои мевадиҳанда аз Тоҷикистон изҳори назар кард.
“Наход дар вилоятҳои Гомелу Брест мо ба парваришу нашъунамои ин ниҳолҳо муваффақ нагардем. Бовар дорам, ки ин кор аз дастамон меояд”, - гуфта буд он замон Лукашенко.
Дар ин робита ӯ ба сохторҳои марбутаи кишвараш дастур дод, ки ба ифтихори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилоятҳои Брест ва Гомел ду боғи мева бунёд карда шуда, барои он қитъаи замини зарурӣ ҷудо шавад.
Он замон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки ба мутахассисони беларус дар ташкили ин кор кумак карда, миқдори зарурии ниҳолҳо тайёр карда мешавад.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста